ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо ноиби кулли Президенти ширкати “Giesecke+Devrient”, Вернер Рейш ва ноиби Президенти ширкат оид ба фурӯши банкнотаҳо Аркадий Ноткин қаноатмандияшро аз кори ширкат баён доштааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Холиқзода зикр намуд, ки ҳамкориҳои БМТ бо ширкати “Giesecke+Devrient” соли 1999 бо имзои шартномаи чопкунии пули коғазии миллии “Сомонӣ” оғоз гардида, зиёда аз 22 сол мешавад, ки пулҳои коғазиро дар ширкати “Giesecke+Devrient” чоп менамояд.
“Боиси қаноатмандист, ки тӯли ин солҳо Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати “Giesecke+Devrient” дар самти такмили унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии “Сомонӣ” ва таъмини бехатарии он корҳои зиёдеро анҷом додаанд”, - таъкид дошт Ҳоким Холиқзода.
Ҷонибҳо такмили минбаъдаи унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии “Сомонӣ” - ро баррасӣ карда, изҳор доштаанд, ки баъд аз ворид намудани унсурҳои нави ҳимоявӣ аз қабили “Тасмачаи голографӣ”, “Дизайни ҳимоявии лазерӣ”, “Нишони Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Нишони обӣ” пули коғазии “Сомонӣ” аз ҷиҳати бехатарӣ ба қатори пулҳои дигар давлатҳои пешрафта шомил гардид.
Дар мулоқот инчунин намояндагони ширкати “Giesecke+Devrient” дастовардҳои худро дар самти таъсиси кори Хазинаи марказии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ барои бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бо технологияҳои муҳофизативу назоратӣ муҷаҳҳаз гардонидани он ва таҷҳизоти нави ҳисобкунию ба навъҳо ҷудокунандаи пулро муаррифӣ карданд.
Ҳоким Холиқзода изҳор доштааст, ки дар оянда ҳамкориҳо ширкати “Giesecke+Devrient” – ро тақвият хоҳанд дод. БМТ зикр намудааст, ки “Giesecke+Devrient” яке аз ширкатҳои эътирофшуда мебошад, ки бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии тиҷоратии беш аз 70 давлати ҷаҳон аз хизматрасонии он дар самти барориши пулҳои коғазӣ, такмили унсурҳои ҳимоявии пул ва бунёди хазинаҳои муосири марказӣ истифода мекунанд.