ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Барои номгузории кӯчаи “Ваҳдат-II” - и маҳаллаи “Истиқлол” ба номи Ҳасани Муродиён як гурӯҳ сокинон ва устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хурсав дархост пешниҳод карда, фаъолони маҳалла онро дастгирӣ ва ба комиссияи номгузории маҷлиси вакилони халқи шаҳр манзур карда буданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, дар ҷараёни иҷлосия гуфт, ки Ҳасани Муродиён муҳаққиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик мебошад.
Вай дар ҳузури вакилон зикр кард, ки Муродиён муҳаққиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, таърихи маориф ва давлатдории навини тоҷикон, саромӯзгор, рӯзноманигор мебошад, ки даҳҳо унвону ҷоизаҳо дорад.
Аз ҷумла Ҳасан Муродиён, аълочии маориф, фарҳанг ва матбуот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Конфедератсияи байналмилалии журналистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷоизадори медали “Барои меҳнати шоён”, умумииттифоқии ба номи Н.К. Крупская, “Муаллими методист”, “Олими сол – 2006”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, мартабадори ҷоизаҳои ба номи Ҷалолиддини Балхӣ дар бахши адабиётшиносӣ ва ба номи Соҳиб Табаров ва барандаи дигар ҷоизаю унвонҳо мебошад.
Дар ҳолномаи расмии Муродиён зикр шудааст, ки корро аз мактаби миёнаи №33-и ноҳияи Вахш ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик оғоз карда, дар ҳамин муассиса ба ҳайси муовини директор ва директор фаъолият кардааст. Соли 1992 ба ДДБ ба номи Носири Хусрав даъват шуда, ҳангоми ба ҳайси омӯзгор, саромӯзгор, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва махсусан, ноиби ректор оид ба илм кор кардаст.
Ҳасани Муродиён сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда, 8 ноябри соли 2020 даргузашт.
Дар ҳамин ҳол, Зебуннисо Сатторзода, собиқадори меҳнат, таъкид доштааст, ки Улмас Ҷамол яке аз дӯстдорони ин Меҳан буд ва дар миёни шуарои ӯзбек баъд аз Мир Алишер Навоӣ ягона нафарест, ки чор девон дорад.