Амрико аз Тоҷикистон хост, ҳазорҳо гурезаи афғонро қабул кунад

Дар умум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 9 ҳазор гурезаи афғон метавонанд ҷой гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. ИМА аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон хостааст, ки муваққатан ба гурезаҳои афғон, ки ба амрикоиҳо кӯмак карданд, роҳ диҳанд.
Дар ин бора хабаргузории Bloomberg дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад.
Амрико фурудгоҳи Багромро дар ихтиёри артиши Афғонистон супурд
Дар ҳолати розигии давлатҳо, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд 9 ҳазор афғон ҷой гиранд.
Гуфта мешавад, ба ин хулоса маъмурияти раиси Қасри Сафед Ҷо Байден дар робита бо хуруҷи қӯшунҳои Амрико аз кишвар омадаанд.
Афзун бар ин, Амрико имконияти баргузор кардани амалиётҳои иктишофӣ дар ҳудуди Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ мекунад.
Феълан кишварҳо тафсилоти лоиҳаи созишномаи дахлдорро баррасӣ мекунанд, таъкид мекунад Bloomberg.