Зеленский ба изҳороти Путин дар бораи русҳову украиниҳо посух дод

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский изҳороти роҳбари Русия Владимир Путинро дар бораи он, ки украиниҳо ва русҳо як миллатанд, рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Русҳо ва украиниҳо як миллат нестанд, изҳор дошт президенти Украина Владимир Зеленский.
Ин изҳороташро сиёсатмадор пас аз изҳороти президенти Русия Владимир Путин дар бораи ягонании русҳову украиниҳо гуфт.
"Дақиқан, мо як миллат нестем. Агар русҳо ва укриниҳо як миллат мешуданд, дар Маскав гривна гардиш мекард, дар боми Думаи давлатӣ парчами зарду кабуд ҷилва мекард", - гуфтааст кинаомез Зеленский.
Путин гуфт, ки чӣ гуна Русия барои амният дар Қарабоғи Кӯҳӣ мубориза мебарад
Президенти Украина беҳтар шудани вазъро дар оянда истисно накард, агар тавонанд саривақт "тақсимоти умуми"-ро байни Русия ва Украина бозистонанд.
Ёдрас мешавем, 30 июн президенти Русия Владимир Путин 18-умин мулоқоти мустақимашро бо сокинони кишвар доир кард.
Дар рафти мулоқот, ӯ изҳор дошт, ки украиниҳоро мардуми носоз намеҳисобад, аммо давлати Украина нисбат ба Русия муносибати дӯстона надоранд.
Бештар аз ин, Путин гуфт, ки русҳо ва украиниҳоро миллати воҳид меҳисобад.