Тафсилоти қатли Изатулло дар бозори "Саховат": қарздор қарздеҳро куштааст - видео

Дар бозори "Саховат" - и шаҳри Кӯлоб миёни қарздиҳанда ва қарздор муноқиша сар зад, ки дар натиҷа аввалӣ аз захми корд кушта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Кормандони милиса сокини 32 - солаи шаҳри Кӯлоб Аҳроров Ҷумахонро дастгир намуданд, ки дар қатли ҳамшаҳри худ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур нисфирӯзии 7 июн, тахминан соати 15:20 дақиқа дар бозори "Саховат" - и шаҳри Кӯлоб иттифоқ афтод.
Гуфта мешавад, гумонбаршаванда бо ҷавони 25 - сола Латипов Изатулло вориди муноқиша шудааст.
Маълум гардид, ки номбурда аз ин ҷавон қарздор будааст, аммо даргузориши ВУД Тоҷикистон ҳаҷми маблағ гуфта нашудааст.
Танҳо зикр гардидааст, ки аснои талаб кардани қарз миёни сокинони шаҳри Кӯлоб ҷангу ҷанҷол шуд, ки дар натиҷа қарзгирифта ҷавонро ба ҷойи беодами бозор бурда, ба қафаси синааш як зарби корд задааст.
"Оча бас, гуфтам": Писар чӣ гуна модарашро кушту худро фарзанди ғамхор вонамуд кард-видео
Манбаъ меафзояд, ҷавон аз ҷароҳати бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон аз даст дод.
Феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи муттаҳаму наздиконаш дар бораи ин гузориш ва иттиҳом маълум нест.