ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ сӯхтор сар задааст. Аз наворе, ки имрӯз ба шабакаи иҷтимоии Youtube роҳ ёфтааст, маълум аст, ки сӯхтор дар тарабхонаи "Марко Поло" иттифоқ афтодааст.
Дар навор дида мешавад, ки аз болопӯши ин тарабхона дуди зиёд мебарояд ва дар берун теъдоди зиёди одамон ҷамъ омадаанд.
Ба эҳтимоли зиёд ин ҷо тӯи арӯсӣ ҷашн гирифта мешуд, аммо сӯхтори ба амаломада ин маъракаи хурсандиро барбод дод.
Дар навор ҳувайдост, ки арӯсу домод дар иҳотаи чанд нафар ҷавонон аз бино берун мешаванд ва ба самти мошини дар роҳ буда, ҳаракат мекунанд.
Ҳамчунин як тан аз сӯхторнишонон низ дар ин навор намудор мешавад. Аз суҳбати роҳгузарон чунин бармеояд, ки сабаби оташсӯзӣ номаълум аст.
"Марко Поло" яке аз калонтарин тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ ба ҳисоб меравад, ки сокинони ВМКБ ҷашнҳои хурсандии худро дар он ҷо баргузор мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи сӯхтор дар шаҳри Хоруғ иттилое нашр накардааст. Бо ба даст омадани маълумоти расмӣ шуморо аз тафсилоти сӯхттор огоҳ хоҳем кард.