ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз як сафири навтаъйин ба намояндаи Вазорати умури хориҷа эътимоднома супурд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 1 июл, муовини якуми вазири умури хориҷа Хусрав Нозирӣ сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон ба Хусрав Нозирӣ эътимоднома супурд.
Манбаъ меафзояд, дар мулоқот масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Арабистони Саудӣ дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.