Садамаи маргбор дар Варзоб ҷони як сокини Ванҷро гирифт

Бар асари садамаи маргбори нақлиётӣ сокини 43 - солаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба ҳалокат расид
Sputnik
Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи маргборӣ нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 30 июн, тахминан соати 16:30 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, садама ба айби ронандаи 33 - солаи автомашинаи "Опел - Вектра"иттифоқ афтодааст. Номбурда, ки аз вилояти Суғд самти Душанбе ҳаракат мекард, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромад.
Ин сокини пойтахт ба автомашинаи "Опел - Зефира" таҳти идораи ронандаи 39 - сола, сокини шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодисаи нохуш мусофири автомашинаи "Опел - Астра, сокини 43 - солаи ноҳияи Ванҷ ҷон аз даст дод.
Ҳамзамон ду мусофири дигар, ки яке 31 ва дигаре 45 сол доранд ва ҳар ду сокинони шаҳри Панҷакент мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тайфтишот идома дорад.