ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар як рӯзи охир дар Русия, аз вируси корона 672 нафар ба ҳалокат расидааст, ки ин аз оғози пандемия, ҳадди ниҳоии нав шудааст.
Бино ба маълумоти ситоди фаврии федералӣ, сабти ҳаррӯзаи фавт рӯзи сеюм пай дар пай рекорди нав мезанад - 29 июн 652 нафар ва рӯзи 30 июн 669 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расиданд.
Ин дафъа афзоиши рекордии фавт на шаҳрҳои калонтарини Русия, балки дар минтақаҳои дигари камаҳолӣ ба қйд гирифта шудааст. Дар давоми рӯзи гузашта шумораи фавтидагон аз COVID-19 дар Маскав ва Санкт-Петербург нисбат ба рӯзҳои қаблӣ камтар ба қайд гирифта шуд. Дар Маскав дар давоми рӯзи гузашта 108 нафар фавтиданд, дар ҳоле ки 28 июн - 124 ва дар Санкт-Петербург - 115 фавтида буд.
Фавти бештар аз COVID-19 дар ин минтақаҳо ба қайд гирифта шуд:
Вилояти Нижегород — 25;
Вилояти Иркутск — 25;
Бурятия — 23;
Вилояти Маскав — 20;
Сарзамини Краснодар — 20;
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳарчи зудтар ба нуқтаҳои тиббӣ рафта эмгузаронӣ шаванд. Бояд гуфт, ки ҳоло дар Русия маросими ваксиназанӣ бар зидди вируси корона бо суръат давом дорад. Мақомоти ин кишвар ба хотири паҳншавии вируси корона ахиран як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.