Раҳмон ва Володин масъалаи ташкили рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористиро баррасӣ карданд

Дар Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Думаи давлатии Русия.
"Раиси Думаи давлатӣ ба президенти Тоҷикистон суханони гарму саломи президенти Русия Владимир Путинро расонд", - омадааст дар паём.
Таъкид шудааст, ки Раҳмон ва Володин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои байни кишварҳоро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот инчунин нақши СПАД ва Ассамблеяи парлумонии СААД дар ҳалли масъалаҳои амнияти кишварҳои ширкаткунанда ва масъалаҳои марбут ба ташаккули рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ баррасӣ шудаанд.
Володин дар мулоқот қайд кардааст, ки имрӯз парлумонҳои ду кишвар барои дастгирии қонунгузории қарорҳое, ки дар сатҳи сарони давлатҳои Русия ва Тоҷикистон қабул мешаванд, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд.
Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ба Душанбе омад
Ёдовар мешавем, ки раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СаАД ба пойтахти Тоҷикистон омад.
Қарор аст, ки ин рӯз, ӯ инчунин бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору мулоқот кунад.
Инчунин Володин бо роҳбари Палатаи поёнии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот хоҳад кард.