Пешниҳоди бародаршаҳрӣ миёни Искандария ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон

Ин пешниҳод дар мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси вилояти Искандарияи Миср матраҳ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тоҷикистону Миср мехоҳанд шаҳри Александрияи Миср ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистонро бародаршаҳр кунанд.
Ин пешниҳод дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси вилояти Искандарияи Миср Муҳаммад Аш-Шариф матраҳ гардидааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш мулоқоти сафири тоҷик бо Раиси вилояти Искандария баргузор гардидааст.
Самарқанд ва Саратов бародаршаҳр шуданд
"Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ба хусус бо вилоят ва шаҳри Искандария баррасӣ шуд", - афзудааст ВКХ.
Аз ҷумла, пешниҳод дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дӯстӣ ва бародаршаҳрӣ миёни яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон ва Искандарияи Миср матраҳ гардидааст.
Бародаршаҳр дар фарҳанги тоҷикӣ -шаҳрест, ки бо шаҳри дигаре аҳду паймони дӯстии бародарона бастааст. Онҳо барои шиносоии васеъ бо ҳаёт, таърих ва фарҳанги якдигар истифода мешаванд.
Шаҳри Искандария - дувумин шаҳри бузург, баъд аз Қоҳира дар Миср аст.
Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дорои 18 бародаршаҳр бо кишварҳои чун Замбия, Яман, Тунис, Австрия, ИМА, Олмон, Русия, Туркия, Эрон, Чин ва ғайра мебошад.