ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Яке аз пайвандонаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум даҳ рӯзи ахир бо аломатҳои бемории “вируси корона” дар хона бистарӣ буд.
“Ҳама умед доштанд, ки шифо хоҳад ёфт. Аммо субҳи имрӯз вазъи саломатиаш ба вахомат гароид. Ба мо гуфтанд, ки ӯро ба шифохонаи “Якум Советский” бурданд, аммо талошҳои духтурон натиҷа надод. Ӯро ба хона оварданд ва ҳаволии соати 2 – и баъд аз зуҳр ҷон ба Ҷонофарин таслим кард”, - гуфт ӯ.
Дилошӯб Орифзода, як коргардони ҷавон, мегӯяд, рӯзи 25- уми моҳи гузашта бо ӯ тамос гирифта, ӯро ба намоиши филми мустанаде, ки баргузор нашуд, даъват кард.
“Аз саломатияшон шикоят карда гуфтанд, ки ҳоло дар Маркази саломатӣ қарор доранд. Маслиҳат кардем, ки ягон вақти дигар тамошо мекунанд”, - гуфт Дилошӯб Орифзода..
Наздикони ҳунарманд мегӯянд, рӯзҳои 18 – 19 июни соли равон Убайдулло Раҷабов барои супоридану мукофоту тӯҳфаҳои як озмуни нашрияи "Ҷумҳурият" дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, ки ба хотири ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва гиромидошти 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор шуд, рафта буд.
“Пас аз ин чорабиниҳо вазъи сиҳии он кас хуб буд. Тақрибан як ҳафта пас он кас ба маризӣ печида, бистарӣ шуданд. Аммо маълум нест, ки ба маризӣ дар ҳамон ҷашнҳо гирифтор шуда буданд, ё дар Душанбе”, - гуфт яке аз наздикони Убайдулло Раҷабов.
Намози ҷанозаи марҳум бо ширкати садҳо нафар бегоҳи имрӯз, 1 июл, соати 16:30 – и бегоҳ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе эълон шуд. Аммо ба далоили беҳдоштӣ тобути ӯро дар соати 16:00 ба масҷид оварданд ва соати 17:30 намози ҷанозаашро хонда, ӯро дар қабристони Лучоб ба хок супурданд.
Ҳунарманд ва раиси Кумита
Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) таваллуд шуда, хатмкардаи Мактаби мусиқии Душанбе (1964), шӯъбаи коргардонии Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1982) мебошад.
Аз соли 1964 ба ин сӯ ҳунарманди Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Дар ин миён солҳои 1968—1970 ҳунарманди Театри мусиқӣ – драмавии шаҳри Кӯлоб низ буд.
Убайдулло Раджабов
© Страница Убайдулло Раджабова в Facebook
Убайдулло Раҷабов аз соли 2000 ба 2004 дар вазифаи раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, як муддат мудири кулли Корхонаи давлатии фарҳангиву фароғатии "Пойтахт-80" буд. Ҳамзамон то соли 2020 коргардони муҳимтарин маъракаҳои дастаҷамъии сатҳи давлатӣ буд.
Яке аз корҳои мондагори ӯ театри миниатурии "Ойна" буд, ки соли 1991 бо ибтикори ӯ дар тобеияти ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфт ва ӯ то охири умр раҳбариашро бар дӯш дошт.
Аз театр то синамо
Убайдулло Раҷабов ҳунарманди ҳам театр ва ҳам синамо буд. Аз ҷумла дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нақшҳои Хор ("Антигона"-и Жан Ануй), Маҷ ("Рӯдакӣ"-и Сотим Улуғзода), Абулқосим ("Кафшҳои Абулқосим"-и Иван Франко), Эшон ("Вопасин арӯси амиралмӯъминин"-и Фазлиддин Муҳаммадиев), Шариф Тормоз ("Дар чорсӯ"-и Нур Табаров) ва ғайраро иҷро кардааст.
Дар якчанд намоишномаи телевизионӣ низ нақшҳо офаридааст, ки ёдмондатаринашон нақши Қучқорбойи тракторчӣ дар “Зани оҳанин” – и Шароф Бошбеков аст
Ӯ дар чандин филми синамоӣ, аз ҷумла "Номзад" (1990), "Қасоси пайғамбар" (1992, Тоҷикистону Сурия), "Буду набуд" (2002), "Муҷассамаи ишқ" (2003), "Фаришта" (2010) нақшҳои асосиву дуюмро офаридааст, аммо нақши асосии номзад дар “Номзад” ва Бобои Ғаффор дар “Муҷассамаи ишқ” дар хотирҳо нақш бастаанд.
Руҳияшинос
Бо даргузашти Убайдулло Раҷабов як симои нотакрори ҳунари тоҷик ба ҷовидона мепайванданд. Ӯ чӣ вижагӣ дошт?
Ҷонибеки Асрориён, рӯзноманигор ва муҳаққиқ, мегӯяд, Убайдулло Раҷабов як ҳунарманди нотакрор буд, як шахсияти воқеъбине, ки на фақат актёр, балки сиёсатшинос, фарҳангшинос ва мусиқишинос буд, равандҳои сиёсиву таърихиро дарк мекард, бахусус, хеле огоҳ аз фарҳанги миллӣ буд.
“Масалан, дар чорабиниҳои давлатӣ рангҳоро хуб ташхис медод ва онҳоро дуруст ба кор мебурд. Як далели шукӯҳу шаҳомати чорабиниҳое, ки он кас коргардонӣ мекард, ҳамин буд. Ё таҷлили ҷашни Наврӯз дар соли 1995, замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ӯ коргардонӣ кард, ба мардум ин руҳияро дод: дар чунин рӯзҳои сахт бояд шодӣ кард. Ӯ коргардони ҷашни 1100 – солагии давлати Сомониён ва то соли гузашта тамоми ҷашнҳои Истиқлолият буд”, - гуфт ӯ.
Вай мегӯяд, ҳаҷви Убайдулло Раҷабов хеле нозук, ҳадафманд, нав ва хоси худаш буд, ки бахусус, аз сӯи мардум хуб пазироӣ мешуд ва ӯро маҳбуб сохта буд.
“Дар ҳаҷвнигории мо назир надошт. Дар мутоибаву ҳаҷви нозук, ҳатто ба чеҳра, ба Юрий Никулин, ҳаҷвнигори маъруфи рус, монанд буд. Он коре, ки Никулин дар санъату ҳаҷви рус кард, ҳамин корро Убайдулло Раҷабов барои санъату ҳаҷви тоҷик кард”, - гуфт Ҷонибеки Асрориён.
Ба қавли ӯ, ҳунарманди маъруф дар иҷрои нақшҳои синамоӣ низ як вижагие дошт, ки ӯро нотакрор карда буд.
Народный артист РТ Убайдулло Раджабов на улице в Душанбе
© Sputnik
“Масалан, дар филмҳое, ки ҳатто нақши дуюмдараҷа, ё манфӣ дошт, истеъдоди баланд ӯро ба қаҳрамони асосӣ табдил медод. Ҳамон “Зани оҳанин” – ро бигирем, ё филми “Муҷассамаи ишқ” – ро, ки дар миёни мардум маъруф аст. Ӯ он гуна нақши қаҳрамони манфӣ - Бобои Ғаффорро ба санъати баланд иҷро кардааст, ки ба қаҳрамони асосӣ табдил ёфт ва мардум ин филмро ба хотири ӯ писандиданд”, - гуфт Ҷонибеки Асрориён.
Ҳамин тавр, аз нигоҳи ин коршинос, бо даргузашти Убайдулло Раҷабов як таърихи зиндаи санъату синамои тоҷик ба анҷом мерасад ва ҷои худро барои ҳамеша дар саҳнаи тоҷик холӣ мекунад.