Эҳтимоли маҳрум шудани Дина Саева аз шаҳрвандии Русия

Зодаи Тоҷикистон ва маликаи "Тик Ток" Дина Саева метавонад аз шаҳрвандии Русия маҳрум шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дина Саеваро мехоҳанд аз шаҳврандии Русия маҳрум созанд. Дар ин бора маликаи "Тик Ток" дар сторисаш дар Instagram хабар дод.
Саева иқрор шуд, ки феълан аз сабаби мушкилот наметавонад ба таҳияи контенти нав машғул шавад.

"Бароям бисёр аҷиб аст, дарк кардани маҳрум шудан аз шаҳрвандӣ", - навиштааст Дина.

Дар баробари ин, ситораи 22 - сола қисме аз суҳбати худро нашр карда ва гуфтааст, ки айни замон қазия норӯшан аст. Ӯ ҳамчунин дар муроҷиат ба ҳамвандонаш афзуд, ки "агар камнамо шавад", хавотир нашаванд.
Додгоҳ, рӯзи 23 июл қарори ниҳоии худро дар ин бора хоҳад баровард. Сабаби чунин мушкилот бо шаҳрвандиро Дина дақиқ нагуфт.
Феълан ӯ дар ҷустуҷӯи вакили дифоъ аст ва барои кумак ба дӯстонаш муроҷиат кардааст.
Фавти падар ва кӯдак дар батн: фоҷиаи хонаводаи Дина Саева - видео
Ёдрас мешавем, пештар Дина Саева хабар дода буд, ки кӯшиш дорад ба хешовандонаш дар Тоҷикистон кумак кунад.