ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Истеъмоли гӯшти сурх метавонад боиси пайдо шудани саратони рӯда гардад, гуфт пизишк ва ровии телевизион Александр Мясников дар барномаи шабакаи "Россия 1".
Ба гуфти ӯ, истеъмоли зиёди сихкабоб ва гӯшти пухта метавонад ба саломати инсон зиён расонад.
"Сабаби саратони рӯда аслан гӯшт аст. Мо медонем, ки гӯшт имрӯз сабаби пайдо шудани атеросклероз нест, вале омили пайдо шудани саратони рӯда аст", - гуфт Мясников.
Пизишк қайд кард, ки гӯшти сурхро дар як ҳафта аз ду ё се бор зиёд истеъмол кардан мумкин нест.