ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ӯ ба мардуми Русия итоат мекунад.
"Президент ба халқи Русия - интихобкунанда итоат мекунад", - қайд кард Владимир Путин.
Путин таъкид кард, ки мардум худ интихобашонро мекунанд ва раҳбари давлат ба "онҳое, кӣ ба ӯ бовар кардаанд", итоат менамояд.
Чун анъана, суҳбати мустақими президенти Русия бо мардум ҳар сол баргузор мешавад. Бори аввал кишвардор дар чунин формат соли 2001 бо мардум гуфтугӯ карда буд.
Тӯлонитарин суҳбати ӯ бо сокинони Русия дар соли 2010 сурат гирифт. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.