Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Мир Раҳмонӣ: аз вазъ дар Афғонистон то рушди муносибот

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси намояндагон - Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 июн бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон дар Душанбе мулоқот кард.
Тибқи иттилои Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон муқаррар гардида, дар ин раванд парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд.
Ҳамеша дар паҳлӯятонем: Раҳмон ба мақомдори афғон аз шиддати вазъ ва ҳамкории амалӣ гуфт
Дар идомаи мулоқот Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамеша пуштибону ҷонибдори кӯшишу талошҳои Ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бобати ба роҳ мондани раванди музокироти сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад.
"Таъмини суботу оромии Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар баробари таъмини амнияти минтақавӣ, аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ низ касб менамояд", - таъкид шудааст дар мулоқот.
Ҷонибҳо инчунин аз ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ, мубодилаву содироти молу маҳсулоти ниёзи мардум ва инчунин аз боз шудани парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Кобул-Душанбе гуфтаанд.
Рустами Эмомалӣ ва Мир Раҳмон Раҳмонӣ инчунин зарурати дар ояндаи наздик муайян кардани роҳу василаҳои муассири тақвияти ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин робитаҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро, ки Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумлаи онҳост, таъкид намуданд.