ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки ҳеҷ кас ба рушди минбаъдаи бӯҳрон дар Қарабоғи Кӯҳӣ манфиатдор нест.
Хотиррасон мекунем, ки хати мустақим бо Путин нимарӯзӣ ба вақти Маскав оғоз ёфт. Саволҳои сокинони кишвар тавассути маркази занг, замимаи махсус ва SMS ворид мешаванд.
Русҳо ба президент тақрибан ду миллион паём фиристоданд. Онҳо ба мавзӯъҳои эмгузаронӣ алайҳи коронавирус, масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инчунин мавзӯъҳои марбут ба сиёсати хориҷии Федератсияи Русия дахл доранд.
Чун анъана, суҳбати мустақими президенти Русия бо мардум ҳар сол баргузор мешавад. Бори аввал кишвардор дар чунин формат соли 2001 бо мардум гуфтугӯ карда буд.
Тӯлонитарин суҳбати ӯ бо сокинони Русия дар соли 2010 сурат гирифт. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.