ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистон барои ҳамаи онҳое, ки аз хориҷ меоянд, худҷудоии серӯза ҷорӣ карда мешавад. Рӯзи гузашта чанд расонаи минтақавӣ бо такя ба манбаъҳояшон дар ин бора гузориш доданд.
Ин маълумотро ба РИА Новости дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ тасдиқ карданд.
Барои пешгирии паҳншавии коронавирус чораи нав лозим аст. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳангоми расидан ба Тоҷикистон ҳама аз озмоиши коронавирус мегузаранд.
Аммо ҳама, новобаста аз натиҷаи санҷиш ва мавҷуд набудани нишонаҳо, ба худҷудоӣ фиристода мешаванд.
Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, Наврӯз Ҷаъфаров рӯшан кард, ки ин тадбир хусусияти машваратӣ дорад.
"Ҳангоми расидан ба кишвар, ҳамаи мусофирон бояд аз ташхиси коронавирус гузаранд, аз ҷумла онҳое, ки аллакай ваксина гирифтаанд", - гуфт ӯ дар суҳбат бо ТАСС.
Ёдовар мешавем, ки коронавирус 21 июни соли 2021 ба Тоҷикистон баргашт. Пас аз як ҳафта, шумораи гирифторони мавҷи дуюми COVID-19 аз сад гузашт. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз марг аз ин беморӣ сабт нашудааст.