ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Марҳилаи дуввуми эмгузаронӣ алайҳи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон оғоз ёфт.
Сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев дар таъйиди ин хабар ба SputnikТоҷикистон гуфт, ваксинзанӣ аз имрӯз, 29 июн шурӯъ шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ин навбат бояд ҳудуди 1.4 миллион кӯдак алайҳи ин беморӣ эм гирад. Дар навбати аввал беш аз 1.2 миллион кӯдак ваксин гирифтанд.
Эмгузаронии кӯдакон то 5 июл идома меёбад ва намояндагони вазорат аз тамоми шаҳрвандон даъват мекунанд, ки кӯдакони худро ҳатман ба марказҳои саломатӣ бурда, барои ҳифзи ҷон ва қавӣ намудани масунияташон эм кунанд.
Ҷараёни эмгузаронии атфол дар Тоҷикистон пас аз он ҷоннок гардид, ки аввали баҳори соли равон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хурӯҷи бемории полиомиелит ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар мамлакат ҳушдор дода буд.
Ба иттилои ин созмон, аввалин ҳолати сироятёбӣ ба фалаҷи кӯдакона дар вилояти Хатлон сабт шуда, моҳи март ин беморӣ дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.
Масъулини тандурустӣ яке аз сабабҳои пайдоиши бемориро ба хунукназарии бархе волидон ба эмгузаронӣ гуфтаанд.
Бино ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ба бемории фалаҷ асосан кӯдакони то панҷсола гирифтор мешаванд.
Дар Тоҷикистон одатан давоми 24 соати баъди таваллуди кӯдак ӯ бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки тариқи даҳон истифодашаванда мебошад, фаро гирифта мешавад. Баъдан ӯ дар 2-3 ва 4-моҳагӣ ин навъи ваксинаро қабул мекунад.
Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки дар 90-95 дарсади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон беморӣ ба таври сабук мегузарад.