Эмомалӣ Раҳмон 28 июн Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистонро, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор” дар Варзоб бурд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон мақсад аз ин сайри шомгоҳӣ - шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва табиати зебо мебошад.
"Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ - муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад", - таъкид кардааст дафтари матбуоти президент.