Русия барои таъмини ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 1,3 миллион доллар ихтисос дод

Русия дар доираи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои дастгирии ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон маблағ ҷудо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik.Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи "Дастгирии ғизои мактабӣ" дар доираи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Душанбе имзо шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, созишномаи мазкурро вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода ва мудири минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Дина Салеҳ ба имзо расониданд.
Тибқи иттилои манбаъ, маблағи умумии Лоиҳа зиёда аз 1,3 миллион доллари амрикоии гранти Федератсияи Русияро, ки тавассути Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад, ташкил медиҳад.
Русия барои кӯмак ба мактабхонҳои Тоҷикистон 1 миллион доллар ҷудо кард
Гуфта мешавад, ҳадафи асосии лоиҳа, ин беҳтар намудани таъминоти 28 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсулоти ғизоӣ ва беҳтар намудани шароити санитарию гигиенӣ дар мактабҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Русия тавассути Барномаи Ҷаҳонии СММ мунтазам лоиҳаҳоро оид ба беҳтар намудани сифати хӯрок дар мактабҳо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад, ки он ба 80 миллион доллар наздик шудааст.