Раҳмон даъвати Бердимуҳаммадовро пазируфт: санаи сафари ӯ ба Туркманистон мувофиқа мешавад

Кишвардори Туркманистон дар ҷараёни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба меҳмонӣ даъат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати ҳамтои туркман дар мавриди боздид намудан аз он кишварро пазируфт, менависад дафтари матбуоти раисиҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, суҳбати раисиҷумҳурони Тоҷикистону Туркманистон рӯзи 29 июн ба баҳонаи зодрӯзи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов сурат гирифт.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Туркманистонро барои расидан ба синни 64 - солагӣ табрик намуда, ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва сарбаландӣ таманно кард.
Изҳороти муштараки Раҳмон ва Ҷабборов: таъкиди 25 масъала
Дар ҷараёни суҳбат, Бердимуҳаммадов, Президенти Тоҷикистонро ба Туркманистон даъват кард ва Эмомалӣ Раҳмон таклифи ӯро пазируфт.
Манбаъ меафзояд, муҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.