Нотаи сафорати Тоҷикистон ба Русия: "қазияи боздошти Амиршоҳ мунсифона тафтиш шавад"

Амиршо Ҳусейнов барои даст задани ба ҷинояти авбошӣ муттаҳам дониста мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Вазорати умурии хориҷаи он кишвар дар робита ба боздошт шудани Амиршоҳ Ҳусейнов нота фиристодааст, менависад хабаргузории "Авесто".
Ба иттилои манбаъ, сафорат тафтиши мунсифонаи ин қазияро тақозо кардааст.
Амиршо Ҳусейнов шаҳрванди 21 - солаи Тоҷикистон дар пайи як занозанӣ бо скинхедҳо ё миллатгароҳои рус боздошт шуд. Ӯ ҳамроҳ бо чанд ҷавони дигар аз Доғистон муқобили миллатгароҳои рус бархост ва ҳамдигарро кӯфтанд.
Боздошти як ҷавони тоҷик дар пайи занозанӣ бо “скинхед” - ҳо – видео
Пас аз ин ҳодиса дастандаркорони ин занозанӣ боздошт шуданд ва ба навиштаи аксар расонаҳо ба ҷуз аз шаҳрванди Тоҷикистон дигар ҷавонон ҳама озод шуданд.
Мақомоти Русия Амиршоҳро барои ҷинояти авбошӣ муттаҳам медонад.
Сафорат бар ин бовар аст, ки бо ирсоли нота ба Вазорати умури хориҷаи Русия, тафтиши қазияи шаҳрванди Тоҷикистон беғаразона сурат мегирад.
Наздикони Ҳусейнов иддао доранд, ки ӯ иштирокдори тасодуфии ин занозанӣ шуда, ҳеч силоҳу корде дар даст надоштааст.
Дар навори занозании 23 июн бо скинхедҳо, ки дар он зодагони Доғистону як тоҷикистонӣ иштирок доштаанд, ба иттилои наздикон, Ҳусейнов бо либоси сурх мебошад ва аён аст, ки ҳеч силоҳе дар даст надорад.