Натиҷаи музокироти тӯлонӣ: имзои чаҳор санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Пас аз анҷоми музокироти тӯлонии ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, роҳбари Қирғизистон зери Изҳороти муштарак имзо гузоштанд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сипас, дар ҳузури руасоиҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон;
Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар”.
Бояд гуфт, ки пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил доданд.
Раҳмон музокироти ҳафтсоата бо Ҷабборовро хулоса кард: президентҳо дар бораи чӣ гуфтанд?
Зимни нишасти матбуоти робарони ду кишвари ҳамсоя натиҷаҳои музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Ёдрас мешавем, ки Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бори нахуст баъди интихоб шуданаш ба курсии раисҷумҳур ва мунқишаи марзии ахир дар марз бо Тоҷикистон ба Душанбе сафари расмӣ анҷом дод.