Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Коршинос гуфт, пас аз чанд вақт бояд эмшудаҳо дубора алайҳи COVID ваксин гиранд

Роспотребнадзор давраеро муайян кард, ки пас аз он бояд эмгузаронии дубора алайҳи коронавирус гузаронида шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ваксинаи коронавирус бояд ҳар шаш моҳ гузаронида шавад. Дар ин бора Александр Горелов, муовини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи марказии тадқиқоти эпидемиологияи Роспотребнадзор зимни нишасти матбуотӣ дар "Россия сегодня", гуфт.
Вай таъкид кард, ки ин амалиёти тиббӣ бояд новобаста аз сатҳи антитела гузаронида шавад.

"Дар давраи ҳамагирӣ мо бояд новобаста аз сатҳи масуният, ҳар шаш моҳ эм гирем", - гуфт Горелов.

Қаблан роҳбари лабораторияи Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея Владимир Гушин гуфта буд, ки ваксинаи русии "Спутник V" баданро дар тӯли шаш моҳ муҳофизат мекунад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оё пеш аз эмкунӣ аз COVID ташхиси антитела зарур аст?
"Дар тӯли шаш моҳ масуният ҳатман ҳифз мешавад, барои боло бардоштани он ва омода шудан ба мавҷи дигари эпидемия, хуб мебуд, ки дубора эм гиред", - гуфт Гушин.
Ба гуфти директори марказ Александр Гинтсбург, "Спутник V" - ро пас аз эмкунӣ бо "ЭпиВакКорона" ва "КовиВак" мешавад истифода кард.
Қаблан Крис Ҳопсон, яке аз пешвоёни Хадамоти Миллии Тандурустии Бритониё (HNS), аз зарурати дубораи ваксинзанӣ гуфт. Ба гуфти ӯ, алайҳи коронавирус бояд ҳамасола эм шуд.