Дуздӣ карданд: додгоҳ ҳукми се хизматчии ҳарбиро эълон кард

Додгоҳ мегӯяд, нақшаи дуздиро хизматчии ҳарбӣ бо номи Ёдгоров Шоҳин тарҳрезӣ карда, ҳамроҳ бо ду ҳамхизмати худ анҷом додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ҳукми се хизматчиро эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Прокуратураи генералӣ, ҳар се нафар хизматчиёни ҳарбӣ буда, барои содир кардани ҷинояти дуздӣ ҳукм гирифтанд. Ин ҷиноят моҳи январи соли ҷорӣ иттифоқ афтодааст.

"Ёдгоров Ш. Б. бо рафиқони худ Мансуровҳо, ки эҳтимол пайванди хешу таборӣ доранд, барои содир намудани ҷинояти дуздӣ пешакӣ маслиҳат намудаанд", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, хизматчиёни ҳарбӣ шаби 10 ба 11 январ ба хонаи як сокини ноҳияи Варзоб даромада, молу амволи ӯро ба маблағи 11 687 сомонӣ тасарруф намуданд.
Ҳукми сарбоз барои дуздӣ ва фирор аз хизмат
Зимнан, нисбати ҳар се нафар бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои "б,в,г" Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои баровардани ҳукм ба додгоҳ ирсол шуд.
Бо қарори додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, ҷавонон дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ин мӯҳлатро онҳо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр сипарӣ мекунанд.