Барномаи имрӯзи Раҳмону Ҷабборов дар Душанбе - аз мулоқоти як ба як то имзои чор санад

Дар назар аст сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқоти як ба як доир кунанд ва баъди он баргузории мулоқоти васеъ бо ширкати ҳайати ҷонибҳо доир хоҳад гашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Барномаи сафари имрӯзаи Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар Тоҷикистон дақиқ шуд.
Бино ба иттилои дастрасшудаи Sputnik Тоҷикистон, нахуст Ҷабборов дар маросими гулгузорӣ назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат хоҳад кард.
Пас аз гулгузорӣ маросими истиқболи расмии Содир Ҷабборов дар Қасри миллат доир хоҳад гашт.
Табиатро нишон доду сари дастархон нишонд: 9 акси сайри Раҳмону Ҷабборов дар Варзоб
Пас аз истиқболи расмӣ дар назар аст сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқоти як ба як доир кунанд ва баъди он баргузории мулоқоти васеъ бо ширкати ҷонибҳо доир хоҳад гашт.
Пас аз мулоқоти ҷонибҳо имзои чор санад дар назар аст ва баъди он Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов баёнияи муштарак хоҳанд дод.
Нимаи дуюми рӯз бошад, сафари президенти Қирғизистон дар Тоҷикистон хотима хоҳад ёфт.
Ин нахустин сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон буда, дар назар аст дар ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон масоили марзиро баррасӣ кунад.