Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Вазорат- чораҳои беҳдоштиро риоя кунед: мардум - дар нақлиёти ҷамъиятӣ намешавад риоя кард

Аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки шароити нақлиётҳои ҷамъиятӣ, бахусус маршруткаҳо дар замони авҷи марзии коронавирус хатарзо аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват намудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чораҳои беҳдоштиро ҳатман риоя кунанд.
Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шароиту аҳволи нақлиётҳои мусофирбар, бахусус маршруткаҳо шадидан изҳори нигаронӣ мекунанд.
Корбаре навиштааст, ки "дар роҳи сироят ва паҳншавии коронавирус аз нақлиёти ҷамъиятӣ дида, дигар чизе хатари бештар надорад".
Корбарон мегӯянд, Ситоди ҷумҳуриявӣ дар изҳороти худ бобати авҷи коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ аз он дар мавриди коҳиш намудани шумораи меҳмонон дар тӯю маъракаҳо гуфтанду аммо дар мавриди ғунҷоиш дар нақлиёти ҷамъиятӣ чизе гуфта нашуд.
"Агар муқоиса кунем, дар тӯю маърака ҳарчанд мардум зиёд ҷамъ шаванд, аммо фосила кам андар кам ним метр ва аз ин ҳам бештар байни меҳмонон риоя мегардад, аммо дар маршруткаю автобусҳо ҳатто як ваҷаб фосиларо риоя кардан ғайриимкон аст", - навиштааст корбар.
Илова бар ин, зикр меградад, ки бастани ниқоби тиббӣ дар дохили нақлиётҳои пур аз мусофир ғайриимкон аст, зеро инсон метавонад нафастанг шавад.
Корбарон аз масъулин даъват намудаанд, ки бояд пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ танзим карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, дар ду рӯзи истироҳатӣ дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон чанд нафар ваксин гирифтанд: посухи вазорат
Вазорат ҳамчунин мегӯяд, аз 26 то 27 июн аллакай 11 маризи коронавирус комилан шифо ёфтанд, дар ҳоле, ки бурузи дубораи ин беморӣ дар Тоҷикистон аз 21 июн эълон карда шуд.
Ёдовар мешавем, аз 30 апрел то рӯзи гузашта шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 13 439 нафар баробар шуд. Шумораи қурбониёни ин беморӣ 90 нафар гуфта мешавад.