ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Донишҷӯе аз Тоҷикистон қаҳрамони асосии навори иҷтимоӣ "Голос улиц для мигрантов" (Садои кӯча барои муҳоҷирон) гардид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии "Ожонсии рушди амнияти интернетӣ" хабар медиҳад.
Ин тарҳ, ки барои беҳтар ва хубтар мутобиқ шудани муҳоҷирон ба зиндагии Русия ба навор гирифта шудааст, дар шаҳри Хабаровск роҳандозӣ шудааст.
Лоиҳа натанҳо дар бораи номи кӯчаҳо, балки таърихи пйдоиши онҳо нақл мекунад. Маълумот ба забонҳои гуногуни мардуми Осиёи Марказӣ пешниҳод мешавад.
Барои оммавӣ гардонидани ин тарҳ, бунёдгузорони лоиҳа навори таблиғотӣ омода кардаанд. Тибқи сужаи ин навор, донишҷӯе аз Тоҷикистон ба Хабаровск меояд ва дар ин ҷо ҳамчун ронандаи таксӣ ба кор машғул мешавад.
Сипас донишҷӯ бо лоиҳа ошно мешавад ва тавассути он бо шаҳр беҳтару бештар ошно мешавад.
Раҳбари тарҳ Алексей Элаш гуфт, саҳнаи ниҳоии видеоро ҳангоми сайругашти таърихӣ дар кӯчаи Тургенев, ки барои намояндагони диаспораи тоҷикон баргузор карданд, ба навор гирифтаанд.
"Сайругашт барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар рӯзҳои истироҳат, қисми ниҳоии кори мо дар лоиҳа мебошад, ки аз ҷониби Фонди грантҳои Президент дастгирӣ мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Элаш, ҳоло навор дар ҳоли таҳрир аст ва онро ба зудӣ пешкаши тамошобинон мекунанд.