ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Мақомоти тандурустӣ хабар доданд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 21 нафари дигар гирифтори коронавирус шуданд.
Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар мавҷи дуюм расман 152 нафар гуфта шудааст, ки аз ин ба иттилои мақомот 52 нафар шифо ёфтаанд. Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 8 нафар шифо ёфта, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Cитоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомот изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Ҳамин таавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон 13460, шифоёфтагон - 13271 ва қурбониён 90 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд ҳафтаи ахир шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти чанд тан аз коронавирус тайи рӯзҳои ахир хабар доданд, вазорат тасдиқ накардааст.