Дар пойтахти Туркманистон имрӯз маросими пешвози расмии кишвардори Қирғизистон баргузор шуд.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, президентро дар ин кишвар чӣ гуна истиқбол гирифтанд.
Қатори мошинҳои президент ба назди майдони Истиқлоли Ишқобод омада, ин ҷо президентро ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешвоз гирифт.
Зимни дидор президент бо Ҷабборов аҳволпурсӣ кард: "Как дела? Нормально?" (Чӣ хел? Нағз?), - пурсид Бердимуҳаммдов.
Пас аз гузориши фармондеҳи қаровули фахрӣ сурудҳои миллии Қирғизистон ва Туркманистон садо дод.
Роҳбарони кишварҳо аъзои ҳайатҳои расмиашонро муаррифӣ карданд.
Пасон, кишвардорон ба суҳбати рӯ ба рӯ пардохтанд.
Ёдрас мешавем, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пас аз мулоқот бо ҳатмои туркманаш бояд аз Тоҷикистон боздид кунад.