ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сокини Исфараро кормандони милиса барои қаллобӣ боздошт намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, пулис дар асоси шикояти як сокини шаҳри Исфара марди 35 - соларо боздошт кард.
Гуфта мешавад, ҳодисаи қаллобӣ моҳи ноябри соли гузашта иттифоқ афтодааст.
Манбаъ меафзояд, сокини маҳаллӣ ба боварии ҳамшаҳрии 34 - солаи худ даромада, хоҳишманди харид кардани мошини ӯ, тамғаи "БМВ-730" шуд.
Арзиши мошинро ҷонибҳо 85 ҳазор сомонӣ маслиҳат намуда буданд, вале бо гузашти қариб як сол соҳиби мошин маблағ аз фуруши худравашро дарёфт накард.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.