ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Қаиқро ҳудудан як мил дуртар аз Гранд-Терк бо 20 мурда пайдо карданд, хабар медиҳанд расонаҳо.
Бино бар итттилои манобеъ, "киштии шабаҳ"-ро моҳидорон 24 июни соли равон ошкор намуданд. Аз он боқимондаи ҷасади 20 тан пайдо шудааст. Феълан ҳувияти қурбониёнро муайян мекунанд.
"Ҳоло далели марги қурбоёни маълум нест, аммо нишонаҳои марги маҷбурӣ дида намешавад", - таъкид мешавад дар иттилои манобеъ.
Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки байни 20 ҷасад, ду тан кӯдак низ будаанд.
Бино ба иттилои пешакии пулис, киштӣ аз берун ба баҳри Кариб ворид шудааст.
Расонаҳо таъкид мекунанд, ки ҷазираҳои Бритониёро ҳаитияҳо барои фирор аз қашшоқӣ истифода мебаранд. Ин минтақа аз ҷониби қочоқбарон ҳамчун нуқтаи транзит низ истифода мешудудааст.
Чунончи, соли 2020 як сокини Шри-Ланка дастгир шуда буд, ки дар як киштӣ 158 нафарро мебурд.