ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон шоми рӯзи 28 июн вориди Тоҷикистон шуд, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, кишвардори Қирғизистонро савазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, Ҷабборов дар ин сафар бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки президентҳо ба мавзуи марз низ дахл кунанд.
"Ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфтааст маъмурияти президенти Қирғизистон.
Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд ва раисиҷумҳури Қирғизистон ин даъватро пазируфт.
Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибати Душанбе ва Бишкек сард шудааст.