Хатари асосии ваксинзании муҳоҷирон муайян шуд

Дар Маскав эмгузаронии озмоишии муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз ёфт: ин ташаббус чӣ пайомадҳое дорад?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ зарбаи ҷиддӣ ба тиҷорат хоҳад буд. Дар ин бора Омбудсмен оид ба ҳуқуқи соҳибкорон дар соҳаи риояи қонунгузории меҳнат Дмитрий Порочкин дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор доштааст.
"Ваксинзании муҳоҷирон аз ҳисоби корфармо, албатта, хароҷоти ғайринақшавӣ барои тиҷорат аст, ки ҳоло дар ҳолати вазнин қарор дорад" - мегӯяд ӯ.
Ҳамзамон, Порочкин таъкид кард, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаи хидматрасонӣ кор мекунанд, бояд аз коронавирус эм шаванд.
Эълони нархи ваксина барои муҳоҷирони меҳнатӣ
"Чаро соҳибкорон бояд ин ваксинаро пардохт кунанд?" - савол мегузорад коршинос. Илова бар ин, ба муҳоҷирон, ки қонунӣ дар ин кишвар ҳастанд ва инчунин расман кор мекунанд, бояд дар баробари шаҳрвандони дигар ба ваксина алайҳи COVID-19 дастрасӣ дода шавад, гуфт Омбудсмен.
Ёдовар мешавем, ки аз имрӯз шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар Маркази муҳоҷирати Маскав дар Сахарово алайҳи коронавирус эм шаванд.
Дар Тоҷикистон чанд нафар ваксин гирифтанд: посухи вазорат
Нуқтаи эмкунӣ аз соати 09:00 то 21:00 кор мекунад. Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрӣ дар назар доранд, ки дар маркази савдои Садовод барои чунин амалиёт боз як маркази тиббӣ боз мекунад.
Эмкунӣ барои муҳоҷирон танҳо бо дархости корфармоён, ки пули ваксина пардохт мекунанд, гузаронида мешавад. Арзиши он 1300 рубл ҳисоб шудааст.