ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ситоди фаврӣ оиди мубориза алайҳи маризии коронавирус шабонарӯзи гузаштаро серқурбонитарин аз замони авҷи ин беморӣ гуфт.
Ба иттилои ситоди мазкур, шабонарӯзи гузашта дар пойтахти Русия 124 бемори вируси COVID - 19 фавтиданд, ки аз оғози пандемия бесобиқа аст.
Гуфта мешавад, ҷамъан дар Маскав 22 210 нафар аз коронавирус фавтиданд.
Манбаъ меафзояд, дар 24 соати ахир 7 246 ҳолати сироятёбӣ сабт гардид.
Гузашта за ин, аз оғози бурузи маризии коронавирус дар Маскав 1 346 183 нафар сироят ёфтаанд.
Ҳамзамон, шабонарӯзи ахир 4 433 нафар дар Маскав комилан сиҳат ёфта, аз бемористон мураххас шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон бошад ба 1 148 291 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Русия ба 21 650 нафар баробар шуд.
Илова бар ин, 611 нафар аз вируси COVID - 19 ҷон бохт.