Эрон ба аввалин кишвари минтақа барои тавлиди ваксинаи коронаи “Спутник V” табдил шуд

Мудири кулли сандуқи сармоягузории мустақими Русия гуфт, Эрон ба аввалин кишвар дар минтақа табдил шуд, ки иқдом ба тавлиди муштараки ваксинаи коронаи “Спутник V” кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Крил Дмитриев, мудири кулли сандуқи сармоягузории мустақими Русия дар баёнияе ҳамчунин эълом кард, тавлиди ваксинаи коронаи “Спутник V” аз сӯйи яке аз ширкатҳои доруи пешрави эронӣ бо номи Актовер барои иҷрои барномаи миллии ваксинатсия дар Эрон истифода хоҳад шуд ва суръати ваксинатсияи ҷамъияти Эронро метезонад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Дмитриев афзуд, сандуқи сармоягузории мустақими Русия ва яке аз ширкатҳои доруии пешрави эронӣ бо номи Актовер дар баёнияе тавлиди муштараки ваксинаи коронаи “Спутник V” - ро эълом карданд ва ба таври фаъол дар заминаи интиқоли фанноварӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Ваксинаи “Спутник V” дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эрон ба сабт расида ва дар бисёре аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Олмон, Италия, Испания, Беларус, Украина, Сербия, Ҳинд, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Миср, Аргентина ва Бразилия барои тавлиди қарордодӣ ва таҳти литсензия интихоб шудаву гурӯҳи доруии Актовер ба унвони яке аз нахустин тавлидкунандагони ин ваксина дар минтақаи Ғарби Осиё баргузида шудааст.
Хориҷиёнро дар Русия ваксини "Спутник Лайт" мезананд
Маросими рӯнамоӣ аз ваксинаи коронаии “Спутник V” –и тавлиди дохили Эрон рӯзи шанбе бо ҳузури Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ва Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия, дар яке аз ширкатҳои доруии пешрави эронӣ бо номи Актовер дар устони Албурз баргузор шуд.
Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия пештар дар хусуси тавлиди ваксинаи “Спутник V” ба тавофуқ расиданд.
“Спутник V” нахустин ваксинаи зиддикоронаии Русия аст, ки аз сӯйи маркази вирусшиносии Гамалеяи вобаста ба Вазорати тандурустии ин кишвар ва бо мушорикати сандуқи сармоягузориҳои мустақими Русия (ташкилоти давлатии таъминкунандаи молии тарҳҳои сармоягузорӣ) дар Маскав сохта шудааст ва дар моҳи августи 2020 ба сабт расид.