Трамп: ҳукумати кунунӣ Амрикоро ба фалокат мерасонад

Доналд Трамп, дар мулоқот бо ҷонибдоронаш ҳукумати кунунии Амрикоро шадидан танқид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури ИМА бори аввал дар тӯли муддати тӯлонӣ гирдиҳамоӣ ташкил карда, тарафдоронашро дар Огайо ҷамъ овард.
Дар ин нишаст, сиёсатмадор ба танқиди ҳукумати кунунӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард.
Аз ҷумла, Трамп сиёсати ҳукумати Ҷозеф Байденро баҳогузорӣ кард.
"Ҳукумати раисҷҷумҳури кишвар Ҷо Байден дар тӯли панҷ моҳ ба як офати комил табдил ёфт", - гуфт Трамп.
Раисҷумҳури собиқ илова кард, ки вазъ дар кишвар бадтар шудааст ва аз нокомиҳои Байден дар самти сиёсати муҳоҷиратӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва муносибатҳои эътирозӣ дар ҷомеа қайд кард.
Трамп Русияро барандаи нишасти дуҷониба дар Женева номид
Вай зикр кард, ки сиёсати Кохи Сафед "кишварро хароб мекунад".
Трамп инчунин сиёсати хориҷии Байденро манфӣ арзёбӣ кард ва илова кард, ки "созишномаи Эрон" метавонад муҷиби ҷанг ё ба нобудшавии Исроил шавад.
Трамп аз ҷонибдорони ҷумҳурихоҳро даъват кард, ки дар интихоботи оянда барои "пирӯзии бузург" муттаҳид шаванд.