Бемасъулиятӣ? “Кӯли ҷавонон”-и шаҳри Кӯлоб ба харобазору чарогоҳи чорво табдил ёфтааст

“Кӯли ҷавонон”-и шаҳри Кӯлоб, ки бо супориши Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон барои истироҳати сокинон таъмир шуда буд, ба харобазору чарогоҳи чорво табдил ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Маҷмааи фарҳангӣ ва фароғатии “Кӯли ҷавонон” соли 2012 бо, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир барои истироҳати сокинон таъмир шуда буд, мутаассифона, айни ҳол кӯл ба харобазор ва чарогоҳи чорво табдил ёфтааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз таъмири ин иншоот ношонае боқӣ намондааст.
Бояд қайд кард, ки барои барқарорсозии ин маҷмааи фароғатӣ аз буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 445 ҳазору 974 сомонӣ масраф шуда буд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки баъди анҷоми ободонии “Кӯли ҷавонон” онро ба тавозуни Корхонаи фаръии давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳр гузаронданд, вале аз хунукназарии кормандони корхона, кӯл ҳоли ногувор дорад. Ҳоло “Кӯли ҷавонон” дар мувозинати мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб мебошад.
Шоми раисиҷумҳур дар "Кӯли ҷавонон": Раҳмон навсозии боғи 78-соларо писандид (АКС)
“Тӯли чанд сол аст, ки “Кӯли ҷавонон” дар тавозуни мактаби мост. Дар маҷмаа ду ҳавзи шиноварӣ буда, барои нигоҳдории онҳо маблағ ҷудо нашудааст. Ҳавзи хурд-ро бо харҷи 40 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ бо панҷара маҳкам кардем. Агар кӯли асосиро об пур кунем, хавфи рахна шуданаш аз эҳтимол дур нест”, - таъкид доштааст Баҳром Рустамов, директори мактаби варзишӣ.
Вай қайд кардааст, ки дар шаҳр чаҳор ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки 3-тояш хусусист.
Дар ҳамин ҳол, масъулон гуфтанд, ки ҳоло сохтмони кӯл нотамом монда, маълум нест, ки давраи дувуми корҳои ободонӣ кай оғоз мегардад.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки идораи сохтмони шаҳр иттилоъ додааст, ки барои идомаи таъмири кӯл, то кунун маблағ пешбинӣ нашудааст.