Дастури Путин барои ташкили ваксинаи пулакӣ ба хориҷиён

То охири моҳи июн, Русия низоми эмгирии хориҷиён алайҳи коронавирусро фароҳам месозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба Девони вазирон дастур дод, ки то 30 июн дар бораи чораҳои таъмини хориҷиён бо ваксина гузориш диҳад, изҳор дошт котиботи Кремл.
Ваксиназании зидди коронавирус барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва инчунин шахсони бешаҳрвандӣ тариқи пулакӣ сурат хоҳад гирифт.
То охири моҳи июн, ҳукумат бояд бо назардошти ҳамаи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ тартиби эмгузарониро дар сатҳи федералӣ ташкил кунад. Маъракаи эмкунӣ дар тамоми минтақаҳои Русия сурат мегирад.

"Барои пешгирии мавҷи нави COVID-19, имкони эмгузаронии пулакӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ фароҳам карда шавад", - омадааст дар дастури Путин.

Худи президент мегӯяд, ки ваксиназанӣ интихоби оқилонаи ҳар шахс аст ва изҳор дошт, ки "ваксина гирифтан беҳтар аз беморист".
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки маъракаи эмгузаронӣ барои хориҷиёне, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд то 15 июл ташкил карда шавад.
Даъвати Назарбоев пас аз ваксинагирӣ: аз ин натарсед, барои саломатии худатон кунед
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ноиби шаҳрдори Маскав, Анастасия Ракова, дар ояндаи наздик дар пойтахт марказҳои махсус пайдо мешаванд, ки дар онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ваксинаи "Спутника Лайт" гиранд.
Аллакай маълум аст, ки эмгузаронӣ барои колою ғизорасонҳо ва ронандагони мусофирбарҳо ҳатмӣ шудааст. Дар соҳаи хидматрасонӣ, 60% - и кормандоне, ки дар тамоси ҳаррӯза бо шумораи зиёди одамон қарор доранд, бояд эмшуда бошанд.