ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ такрик гуфт.
Президенти кишвар дар суханрониаш, ки хадамоти матбуот нашр кардааст, аз 24 соли осоиш гуфту таъкид кард, ки тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ таҳкурсии пешрафту ободии Ватан аст.
"Ин рӯзро мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем", - гуфт президент.
Кишвардор дар идомаи суҳбаташ аз кушта шудани даҳҳо ҳазор ҳамватанон дар ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуд.
Ӯ гуфт, он солҳо даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон дар дохилу хориҷ гуреза шуданд.
"Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рӯзҳо ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ба воқеияти талхи таърихи муосири мамлакат табдил ёфта буд", - таъкид кард президент.
Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамдигарфаҳмию якдилии мардуми тоҷик дар он замони душвор бо ифтихор ёдовар шуд ва гуфт нақши муҳимро дар истиқрори сулҳ кӣ бозид.
"Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон созам, ки дар ин раванди мушкилу тақдирсоз, яъне таъмин намудани сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда танҳо ба мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад".
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки фақат майлу иродаи мардуми кишвар ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати барои расидан ба ҳадафи ягона дар он айём – таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нерӯ мебахшид.
Президент дар анҷоми суҳбаташ аз мардум даъват кард, ки ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ, тамоми имконияту нерӯ ва саъю талоши худро равона созанд.