ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як гурӯҳро бо гумони сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт кардааст.
Тибқи гузориши ин ниҳод, боздоштшудаҳо Наимов Худойдоди 24 - сола, Ҳолҷигитов Умеди 47- сола, Гиёев Баҳроми 26 - сола, Мустаев Шаъбони 26 - сола сокинони ноҳияи шаҳритуси ва Бегов Фирӯзҷони 26 - сола сокини ноҳияи Ховалинг будаанд.
Ба иттилои манбаъ, номбурдагон дар чанд лаҳзаи ба таври сохтакорӣ омода кардани диплом ва шаҳодатномаи ронандагӣ гумонбар дониста мешаванд.
"Ҳангоми боздошт аз номбурдагон 10 адад шаҳодатномаи ронандагии ва 3 адад дипломи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки ба таври қалбакӣ омода карда шудаанд, ҳамчун далел дарёфт гардид", - афзудааст манбаъ.
Зимни бозпурӣ Фирӯзҷон Бегов, яке аз боздоштшудаҳо гуфт, ҳуҷҷатҳоро каси дигар омода кард, онҳо танҳо барои одамони ёфтаашон доданду сари ҳар кадом ҳуҷҷат 200 ва ё 300 сомонӣ гиританд.
Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.