Лату кӯби марди 58 - сола дар Душанбе аз ҷониби ҷавони 20 - сола

Ин ҷавон аллакай аз ҷониби кормандони Вазорати умури долиаи Тоҷикистон дастгир шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Ҷавони 20 - сола дар шаҳри Душанбе марди 58 -соларо лату кӯб карда, ба ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ боздошт шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар бораи ҳодисаи лату кӯб ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
Ҳам лату кӯб карданду ҳам корд заданд: боздошти ду ҷавони 18-сола дар Душанбе
Ин шахс бародари ҷабрдида будааст. Ӯ шикоят кардааст, ки субҳи 25-уми июн, тахминан соати 09:30-дақиқа дар кӯчаи Борбад шахси номаълум бародараш, марди 58-солаи сокини ҳамон ҷоро бе ягон асос лату кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
"Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои манбаъ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.
Манбаъ афзуда, ки аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.