Аз намоҳанги Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров саҳнаи куштор хат зада шуд: чаро?

Намоҳанги дуэти Аброр Назаров ва Нигина Амонқулова, ба суруди "Дар оғӯши манӣ", тағйир ёфт ва ба таври ҷадид басту банд гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Намоҳанги таронаи муштараки ситораи саҳнаи тоҷик Нигина Амонқулова ва сарояндаи шинохтаи кишвар Аброр Назаров барои тамошои оилавӣ мутобиқ карда шуда, аз он саҳнаи зӯроварӣ хат зада шуд.
Дар шарҳи ин хабар сароянда Аброр Назаров ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмими аҳли гурӯҳ аст, то намоҳангро тавонанд ҳамаи хонавода - аз кӯдак то пиру ҷавон тамошо кунанд.
"Шакли аввали намоҳанг ҳам боқӣ мондааст. Вале, ба сабабе, ки ҳатто кӯдакон сурудро гӯш мекунанду дӯст медоранд, мо тасмим гирифтем, саҳнаи зӯровариро аз намоҳанг гирем ва онро барои тамошои оилавӣ мутобиқ гардонем", - гуфт Аброр Назаров.
Назаров афзуд, ки аксари волидон барои саҳнаи зӯроварӣ дар намоҳанг, ба кӯдаконашон иҷозаи тамошо намедоданд.
Ёдрас мешавем, ки нахустин бор намоҳанги суруди "Дар оғӯши манӣ", рӯзи 11 апрел дар пойгоҳи "Muminov tv music 2" дар You Tube нашр шуда буд.
Ин намоҳанг аз ҳаёти ду ҷуфти ҷавон нақл мекунад, ки навакак соҳиби хонаи зебо шудаанд. Зан дар интизори шавҳараш мехоҳад ба ӯ хабари хуше гӯяд, ӯ интизори тифл аст. Мард низ дар ҷои кор лоиҳаи навашро бо муваффақият ҳимоя карда ва барои ҷашнгирии он бо дӯстон ба тарабхона меравад.
"Дар оғӯши манӣ": нашри тарона ва намоҳанги нави Амонқулова ва Назаров - видео
Дар ҳамин ҳол, ҳасудон ва роҳзанҳо аз танҳо будани зан дар хона истифода бурда, ба манзили ӯ медароянд ва ӯро мекушанд.
Дар сабти суруду омодасозии намоҳанг, ки таҳти раҳбарии маэстро Далер Назаров омода шудааст, ҳамзамон Таҳмина Рамазонова, роҳбари гурҳи "Авеста" низ саҳм гирифтааст.
Матни тарона навиштаи шоири муваффақ Ҳоруни Роун аст.
Тамошобинон кори касбии сарояндагон ва намоҳангсозонро аъло арзёбӣ кардаанд ва дар интизори намоҳангҳои нав ҳастанд.
"Дар ҳама давру замон бояд ҷинояткорон ҷазояшон гиранд", - навиштааст корбаре, ки дар интизори қисми дуюми намоҳанг ҳаст.