Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи махсуси СММ иштирок ва суханронӣ кард

Панҷумин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар 5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, дар кори иҷлосия Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Президенти Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир, Императори Ҷопон Наруҳито, Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Гайана Муҳаммад Ирфан Алӣ, Сарвазири Бангладеш хонум Шайх Ҳасина ва роҳбарони созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.
Эмомалӣ Раҳмон Гутерришро бо интихоби дуборааш ба мақоми дабири кулли СММ шодбош гуфт
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бештар ба масъалаи вазъи имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафароӣ, хушксолӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахсусус Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҳамунин раисҷумҳур аз паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Созишномаи Париж оид ба иқлим ва Барномаи Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳо, андешаронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки кумаки давлатҳои мутараққӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, метавонанд ба ҳаллу фасли самараноки мушкилоти вобаста ба об ва офатҳои табиӣ мусоидати бештар намояд.