ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 23-юми июни соли 2021, тахминан соати 21:30 дақиқа, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хоҳари ҳамсараш, ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур бо корд ба қисмҳои ҳаётан муҳими номбурда задааст.
Гуфта мешавад, ӯ бо ин қонеъ нашуда, додари ҳамсараш ҷавони 19-соларо низ бо корд ба рӯяш якчанд маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, афзудааст ин ниҳод.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Назари айбдоршаванда дар бораи иттиҳоми мақомот ва ҳукми додгоҳ феълан маълум нест.