Агентии меҳнат барои сокинони Ворух синфхонаҳои дӯзандагӣ ва компютерӣ ифтитоҳ кард

Дар ин синфхонаҳо ҷалби 80 нафар бекорон ба касбомӯзӣ дар ду баст имкон дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Агентии муҳоҷират барои сокинони бидуни шуғли деҳоти Ворух ду синфхонаи компютерӣ ва дӯзандагиро ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, синфхонаҳо бо ҳузури намояндагони вазорат ва мақомдорони вилояти Суғд кушода шуданд.
Ширин Амонзода бо як ҳайати Вазорати меҳнат ба Ворух рафт
Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳо аз ҷумла муовини якуми вазири фарҳанг, Раҳмонзода Абдуғаффор, муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва худи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок намуданд.
Манбаъ меафзояд, аз ҷониби Агентӣ дар синфхонаҳо 10 мошини дӯзандагӣ ва 10 дастгоҳи компютерии муосир ҷо дода шудааст.
Масъулони намояндагии Маркази таълимии калонсолон дар вилояти Суғд мегӯянд, дар синфхонаҳо имкони дар ду баст таъмин намудани 80 нафар бекорон ба касбомӯзӣ ҷой дорад.