ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар сохтмонҳои Русия норасоии шадиди муҳоҷирон ба назар мерасад, гуфт муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин.
Ӯ дар ин бора зимни як нишаст оид ба расидан ба нишондиҳандаҳои ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи манзил суҳбат кард.
Хуснуллин афзуд, ки ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2024 наздик ба 5 миллион муҳоҷир ба сохтмонҳои Русия ҷалб карда шавад.
Муовини сарвазир инчунин мақомоти минтақаро даъват кард, ки барои ҷалби захираҳои меҳнатӣ ба иншоотҳо фаъолтар кор кунанд.
Аз аввали моҳи март дар Русия норасоии шадиди муҳоҷирон ба назар мерасад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати сохтмон, ба кишвар тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор нафар коргар бояд ворид кард.
Мақомоти Русия барои ҳалли ин мушкилот талош доранд. Аз ҷумла, воридоти мутамаркази муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил шудааст.