Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Боз як ширкати русӣ иҷозаи парвоз аз Тоҷикистонро гирифт

Ширкати "Аэрофлот" аллакай аз Тоҷикистон ду парвоз анҷом додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Тоҷикистон боз ба як ширкати русӣ иҷозат додааст, ки мусофиронро ба Русия интиқол диҳад.
Тавре Агентии Авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ширкати "Аэрофлот"-и Русия аз Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 барои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон иҷозат гирифтааст.
Гуфта мешавад, "Аэрофлот" аллакай ду маротиба мусофирони тоҷикро ба Русия интиқол дода, минбаъд низ метавонад аз кишвар парвоз кунад.
Ёдовар мешавем, Русия парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро, ки моҳи марти соли гузашта дар робита ба пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз 1 апрел барқарор кард.
Аммо, талабот ба сайёҳат дар ин масир аз пешниҳодот бамаротиб зиёд аст.
Парвозҳо аз Ӯзбекистон ба Русия метавонад то 14 адад зиёд шавад
Бояд гуфт, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамоно сурат мегиранд. Ҳар рӯз тақрибан аз 8 то 10 ҳавопаймо дар ин хатсайрҳо парвоз мекунанд.
Пештар 7 ширкати русӣ - “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 апрел то ба ҳол ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳама гуна парвозҳо ба Русия интиқол ёфтаанд.
Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.