Қарори вакилон: кӯча дар Ургутмаҳалла ба номи Улмас Ҷамол гузошта шуд

Маҷлиси вакилони Бохтар яке аз кӯчаҳои шаҳрро ба номи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон - Улмас Ҷамол гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Яке аз кӯчаҳои маҳаллаи мавсум ба Ургутмаҳалла ба номи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон, Улмас Ҷамол номгузорӣ шуд.
Қарор ин бораро Маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар рӯзи 24 июн қабул кард, хабар дод рӯзноманигор Зокир Ҳасан, яке аз иштирокдорони ҷаласа.
Ба иттилои манбаъ, Зебуннисо Сатторова, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки худ яке аз зиёиёни ӯзбектабори фаъоли вилояти Хатлон аст, дар хусуси марҳум Улмас Ҷамол чунин гуфт:

"Улмас Ҷамол воқеан ҳам шоири дӯстдори ин хоку об буд ва дар замони Ислом Каримов даъвати ба Ӯзбекистон кӯч бастанро напазируфта, балки аз сидқи дил гулгулшукуфии Тоҷикистонро мехост. Ӯ дар миёни шоирони ӯзбек баъд аз Мир Алишери Навоӣ якумин шоирест, ки панҷ девон дорад".

Улмас Ҷамол, ки шоири дузабона буд, моҳи июни соли 2017-ум дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Тибқи иттилои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки Улмас Ҷамол аз соли 1974 узви он буд, ин адиб 17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст.
Чанд сол муаллим буда, баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохта, котиби масъули рӯзномаи “Регар” (Турсунзода), корманди шуъбаи ӯзбекии радиои тоҷик будааст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромадан дар рӯзномаи “Совет Тоҷикистони” - ҳозира “Халқ овози” дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Номгузории кӯчае ба номи Ҳасани Муродиён дар Бохтар
Маҷмӯаҳои ашъораш – “Чашмаи муҳаббат” (1969), “Гӯш ба дил” (1973), “Даъват ба дуродур” (1978), “Дар васфи Офтоб” (1980), “Фасли накукорӣ” (1984), “Эҳсос” (1985), “Ситораи орзу” (1988), “Гули ороста” (1988), “Дӯстнома” (2001), “Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт” (2002), “Сарҳисоб” (2002), “Як нигоҳ” (2002) мебошанд.
Осори адибони шинохтаи тоҷику русро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.